نوع مقاله : مقاله پژوهشی
عنوان مقاله English
نویسنده English
Дар маќолаи мазкур ба фалсафаи шеъри зиндаёд Ќайсари Аминпур – нависанда, мунтаќиди адабї ва устоди Донишгоњи Тењрон пардохта шудааст. Муаллиф яке аз даѓдаѓањои њунарї ва фикрии Аминпурро кашфи робитаи зебоиву њунар ва расидан ба рози зебої мебинад, ки аз љаззобтарин бањсњои фалсафаи њунар аст. Аз љумлаи баррасињои ўст: «Ќайсар аз суннат ба навоварї мерасад ва дар айни навоварї, суннатро нафй намекунад; ў бо суннат дар навоварї мекўшад». «Орзуи бузург» унвони шеърест, ки тадоикунандаи сухани Нитсше дар боби абармард (Ubermensch) буда, мењвари андешаи онро гурез аз миёнмоягї ташкил медињад.