نوع مقاله : مقاله پژوهشی
نویسنده
استادیار
چکیده
کلیدواژهها
عنوان مقاله [English]
نویسنده [English]
Фарњанги “Туњфатулањбоб”-и Њофизи Ўбањї, ки дар соли 1530 дар заминаи “Луѓати фурс”-и Асадии Тўcї таълиф шудааст, яке аз сарчашмањои муътамади адабї дар бораи таърихи адабиёт, бавижа гирдоварї ва тањќиќи ашъор ва абёти парокандаи форсу тољик дар садањои дањум ва ёздањуми мелодї ба шумор меравад. Аввалин маќолаи тањќиќотї, ки Абдуррауфи Фитрат бар асоси яке аз нусхањои ќаламии ин китоб навишта, то ба имрўз ањаммияти илмии худро аз даст надодааст. Дар маќолаи Фитрат мулоњизањои муаллиф дар мавриди абёти Рўдакї дар фарњанги Њофизи Ўбањї таваљљуњбарангез аст. Ў барои аввалин бор мављудияти шаст байти тозаи Рўдакиро дар анвоъи гуногуни шеърї таъйид кардааст. Њамчунин фикри эњтимолии профессор Фитрат дар бораи ин ки Рўдакї ќиссаи «Юсуфу Зулайхо»-ро низ ба назм дароварда будааст, њамакнун комилан дуруст ба назар мерасад. Маќолаи Фитрат бар асоси фарњанги луѓати Њофизи Ўбањї нахустин маќолаи илмї-тањќиќотї дар илми луѓатшиносї ва адабиётшиносии солњои садаи бистуми мелодї аст, ки аз дониши амиќи ў гувоњї медињад.
کلیدواژهها [English]