نوع مقاله : مقاله پژوهشی
نویسنده
استاد
چکیده
کلیدواژهها
عنوان مقاله [English]
نویسنده [English]
Вуљуди осори муаллифони хуљандитабор дар гўшаву канори Покистон худ далеле муњкам бар равобити фарњангии дерина ва додуситади илмї дар гузаштањои дурудароз аст. Дар ин маќола чањор муаллиф ё шоири хуљандитбор ба тартиби замонї баргузида шуда ва осори хаттии онњо, ки дар китобхонањои мухталифи Покистон вуљуд дорад, муаррифї шудааст. Ин чањор муаллиф Абдулљаббори Хуљандї, Камолиддин Масъуди Хуљандї, Алоуддин Ањмади Хуљандии Бурњонї ва Низомиддин Муњаммади Хуљандї њастанд, ки дар муаррифии осори онњо фаќат ба як нусха басанда шудааст. Китобе манзум бо номи “Мадхал дар илми ситорашиносї би-л-умум” ба Хоља Насируддина Тўcї мансуб аст. Аммо дар нусхаи Донишгоњи Тењрон номи сарояндаи он Абдулљаббори Хуљандї аст. Нусхањои мутааддиди ин китоб дар Покистон дида шудааст. Аз девони Камолиддин Масъуди Хуљандї, шоири номдори Хуљанд нусхањои мутааддид дар китобхонањои Покистон мављуд аст, ки дар ин маќола ба ду нусха ишора шудааст. Алќисорї дар сарфи забони арабї таълифи Алоуддин Ањмади Хуљандии Бурњониро шорењи номаълум ба форсї шарњ карда ва нусхаи хаттии он дар Маркази тањќиќоти форсии Эрон ва Покистон мављуд аст. Аз Низомиддин Муњаммади Хуљандї низ осоре бад-ин шарњ мављуд аст: шарњи ќасидаи “Муњаммадия”, шарњи “Шамоилуннабї”-и Тирмизї, шарњи “Наътуннабї” ва шарњи ќасидаи Абулало Мааррї, шарњи “Дуруди мустаѓос” ва шарњи ќасидаи “Бурда”. Дар ин маќола нусхае, ки аз ин осор дар Покистон мављуд аст, муаррифї шудааст.
کلیدواژهها [English]