نوع مقاله : مقاله پژوهشی
نویسنده
استادیار
چکیده
کلیدواژهها
عنوان مقاله [English]
نویسنده [English]
Аз замони интишори китоби «Намунаи адабиёти тољик» (1926) асари Садриддин Айнї, ки бо номи Абўабдуллоњи Рўдакї кушоиш ёфта буд, ин шоири бузург дар фазои Тољикистон њамчун рамзи ифтихори мероси фарњангу адаб шуд. Дар авоили соли 1926 вазорати маорифи Љумњурии Тољикистон дар Наврўз таъсис ва таљлили «Рўзи Рўдакї»-ро эълом кард. Ин маќола, ки ба муносибати чањорумин соли таљлили «Рўзи Рўдакї» ба нигориш даромадааст, таърихчаи посдошти ин шоири бузургро дар миёни ќавми тољик баррасї мекунад. Интишори маќолаи муфассале дар бораи Рўдакї ва низ маљмўае ба номи «Устод Рўдакї» аз сўи Садриддин Айнї дар соли 1940 ба шуњрати ин шоири бузург дар байни мардуми тољик афзуд ва љашни 1100-солагии Рўдакї дар 14 октябри 1958 бо шукўњи тамом оѓоз ёфт. Њамоиши аввалини Бунёди Рўдакї 12 октябри соли 2000 дар Панљакент бо унвони «Ёди Рўдакї дар диёри Рўдакї» баргузор шуд, ки дар он донишмандони тољик ва гурўњи муњаќќиќони эронї њузур доштанд. 22 сентябр соли 2002 низ дар Тољикистон таљлили нахустин Рўзи Рўдакї бо шукўњи шоиста барпо шуд ва имсол (2005) низ чањорумин солест, ки маросими таљлил аз Рўзи Рўдакї баргузор мешавад.
کلیدواژهها [English]