نوع مقاله : مقاله پژوهشی
نویسنده
استادیار
چکیده
کلیدواژهها
عنوان مقاله [English]
نویسنده [English]
Яке аз бунёнгузорони љараёни равшангароии тољик дар садаи нуздањуми мелодї, ки дар шинохти дурусти љомеа ва ањкоми исломї ба њамватанон ва муосирони худ хадамоти шоистае кард, Ањмад махдуми Дониш аст. Дар ин маќола муњимтарин асари Ањмади Дониш–«Наводир-ул-ваќоеъ» мавриди баррасї ќарор гирифта ва масоилу мавзўъоти мундариљ дар он табйин ва тањлил шудааст. Дониш дар «Наводир-ул-ваќоеъ» њангоми баёни андеша бештар воќеънигар аст. Ў ба унвони як муњаќќиќ худро мањсури муњит накарда ва марзњои замону маконро дарнавардидааст. «Наводир-ул-ваќоеъ» ба унвони як рисолаи илмї бештар ба баёни низоми табаќотї ва вазъи иљтимоии љањон мепардозад. Ин асар чун соири осор ва манобеъи таърихї аз тариќи манзумањои ривоятї шакл нагирифта ва Ањмади Дониш бидуни суханпардозињои ѓайривоќеї вазъи иљтимої ва сиёсии љањонро дар охири садаи нуздањи мелодї ба таври воќеї ба раштаи тањќиќ кашидааст. Андеша ва мулоњизањои Ањмади Дониш дар ин рисоларо метавон зайли чањор маврид ба ин шарњ хулоса кард: 1. Ањмади Дониш дар пешгуфтори ин асар тањќиќоти уламоро дар бораи кишварњои пешрафтаи дунё зикр карда ва ба нашри ин тањќиќот аз љониби давлат таъкид кардааст; 2. Дониш аз кишварњои пешќадам дар ислоњот мутаассир нест ва дар ин асар ба унвони мунтаќиди Ѓарб андешаронї мекунад; 3. Равшангарої ва ислоњхоњии Дониш реша дар таърихи давлатдории тољик дорад ва набояд бо ислоњхоњии кишварњои аврупої мавриди ќиёс ќарор гирад; 4. «Наводир-ул-ваќоеъ» асаре бадеї-публитсистї аст, ки муаллиф дар он ормонњои миллиро ташрењ карда, ки дар худогоњї ва инќилоби фикрии равшангароёни насли дувуми Бухоро наќши барљаста доштааст.
کلیدواژهها [English]