نوع مقاله : مقاله پژوهشی
نویسنده
استادیار
چکیده
کلیدواژهها
عنوان مقاله [English]
نویسنده [English]
Шарифљон махдуми Садри Зиё–шоир, насрнавис ва муаррихи барљастаи тољик аст, ки манзили ў солњо мањфили шеършиносон будааст. Дар ин мањфил шоирон ва шеършиносон шеър мехонданд ва ашъори якдигарро наќд мекарданд ва навиштањои нависандагони замонро аз назар мегузаронданд. Мањфили адабии Садри Зиё аз масъалањои иљтимоии замон дур набуд ва доѓтарин масоилро мавриди баррасї ќарор медод. Яке аз маорифпарвароне, ки аќоидаш дар мањфили адабии Садри Зиё эътибори фаровон дошт, Ањмад махдуми Дониш аст. Аз ин рў дар ин мањфил масъалањои адабиёти замон ва шеъру шоирї аз дидгоњи маорифпарварии Ањмади Дониш баррасї мешуд. Мањфили адабии Садри Зиё аз тариќи баррасии шеъри шоирони классик ва низ шеъри шоирони њозир дар ин мањфил ба «мактаби адабиёти давра» табдил шуда буд. Аз эњтимол дур нест, ки дар ин мактаб равияњои тозаи шеъри тољикї, ончи Садри Зиё «шеъри нав» номидааст, низ матрањ шуда бошад. Ин мањфил на танњо «мактаби адабиёти он давра» буда, балки яке аз марокизи рушди њаќгўї низ ба шумор меомадааст. Ин њаќгўї дар воќеъ навъи вижаи озодандешї ва муќовамати иљтимої ва сиёсї буда, ки мањфили Садри Зиё дар таќвият ва густариши он наќши барљаста доштааст. Бино бар ин метавон гуфт мањфили Садри Зиё моњиятан бо мањфили Ањмади Дониш яке будааст. Рисолати таърихии мањфили адабии Садри Зиё ин будааст, ки љасорати њаќгўї, маорифпарварї ва пархоши иљтимоиро, ки Ањмади Дониш ба майдон овард, устувор кунад ва заминаи лозимро барои нуфузи маорифпарварї дар љомеа омода намояд. Нигоранда дар поёни ин бањс ба ин натиља расидааст, ки Садри Зиё яке аз талошгарони љасури зидди уламои муртаљеъ, зидди адолат ва беадолатї буда ва фаъолиятњои ў ба њамроњи гурўњи мухолифон дар тањаввули инќилоби фикрии Бухоро наќше муњим доштааст.
کلیدواژهها [English]