نوع مقاله : مقاله پژوهشی
نویسنده
استادیار
چکیده
کلیدواژهها
عنوان مقاله [English]
نویسنده [English]
Ин маќола бахше аз китоби «Фитнаи инќилоб дар Бухоро»- асари Муњаммадљон Шакурии Бухороист, ки бо њадафи табйини моњияти ончи ба Инќилоби Бухоро мавсум аст, ба нигориш даромадааст. Нигоранда дар ин маќола гуфтањо ва назарњои Садриддин Айниро дар китоби «Таърихи Инќилоби Бухоро», дар бораи рўйдодњои ду дањаи оѓозини садаи бистум, бахусус солњои 1917-1920 мабно ќарор дода ва ба тањлили њаводиси ин давра пардохтааст. Ин китоб нахустин таърихномаи Инќилоби Бухорост, ки дар айёми вуќўъи воќеа навишта шудааст ва аз он љо, ки устод Айнї яке аз фаъолтарин афрод дар арсаи иљтимоъ буд ва аз бисёре аз рухдодњои замон огоњї дошт, гувоњии ў хеле эътибор дорад. Дар ин маќола тамоми њаводиси бавуќўъпайваста дар поёни август ва оѓози сентябри соли 1920 зайли њашт бахши муљаззо табйину баррасї шуда ва дар поён нигоранда ба ин натиља расидааст, ки рухдодњои пурталотуми ин чанд рўз дар Бухоро њаргиз ба инќилоби иљтимої монандї надоштааст ва тибќи назари Садри Зиё рухдодњои ин чањор рўз на инќилоби иљтимої, балки нобудии ватани муќаддас буда ва бештар аз ин ки битавон онро Инќилоби Бухоро донист, бало ва балво будааст.
کلیدواژهها [English]