نوع مقاله : مقاله پژوهشی
نویسنده
استاد ملی دانشگاه تاجیکستان
چکیده
کلیدواژهها
عنوان مقاله [English]
نویسنده [English]
«Ситорае дар тирашаб» романи таърихии нависанда ва донишманди тољик Расул Њодизода аст, ки аз рўзгори яке аз шахсиятњои маъруфу машњури садаи нуздањуми мелодї Ањмади Дониш оѓоз мешавад. Ин роман њикояте хотираангез аст аз бедории андеша ва афкори адиби навхоњ ва нављў Ањмади Дониш, ки дар Бухорои шариф инќилоби фикриро бунён гузошт. Дар ин роман, ки мањсули љустуљў ва андешањои чандинсолаи Расул Њодизода аст, муаллиф симои Ањмади Донишро дар иртибот бо рўйдодњои замон, ањволи иљтимої-сиёсї ва иќтисодию фарњангии Бухоро тасвир кардааст. Бино бар ин, симои марказии ин асар Ањмади Дониш аст ва њамаи рўйдодњо бо ширкати ў сурат мегирад. Њодизода дар ин роман ба маќом ва наќши таърихии Оренбург, шањри ќадимии исломї дар сиёсати дохилї ва хориљии давлати Русия таъкид карда ва пойдории муносибатњои тиљорї бо хонигарии исломї, фиристодани гумоштањои забондон ва соњибмаърифати исломиро ба дигар гўшањои мусулмоннишин, бо асноду мадорики мустанад тасвир намудааст. Ањмади Дониш баъд аз боздид аз шањрњои гуногуни Русия ва тарзи давлатдории рус, ки кишварњои исломиро забт карда буд, ба ин натиља расид, ки љомеъаи Бухоро ниёз ба ислоњоти љиддї дорад. Ин љињат дар романи «Ситорае дар тирашаб» бо тамоми љузъиёт ва нозукињояш тасвир шудааст. Ањмад махдуми Дониш ба мадади сафарњояш ба Русия ва суњбату мулоќотњояш бо равшанфкрон ва донишмандони тотор ба ин натиља расид, ки кишварњои исломї низ чун давлатњои аврупої бояд дар тамаддун ва тараќќї наќш дошта бошанд ва ин љињат низ дар романи Њодизода инъикос ёфтааст.
کلیدواژهها [English]