Journal of Culture, Literacy and Linguistic Researches in Central Asia

Journal of Culture, Literacy and Linguistic Researches in Central Asia

Афсона ва њаќиќати «Бўи љўи Мўлиён»

Document Type : Original Article

Author
Abstract
Дар миёни осори бозмонда аз Рўдакї ќасидаи «Бўи љўи Мўлиён ояд њаме/ Ёди ёри мењрубон ояд њаме»  шуњрат хоссе дорад ва дар бисёре аз маохизи таърихї ва адабї дар бораи ин ќасида ва иллати иншои он ривоятњои мухталифе овардаанд. Шуњрати ин ќасида, ки дар мавтини шоир–Тољикистон низ бисёр мањбуб аст, марбут ба ќарни шашуми њиљрї ва мавќуф ба китоби «Чањор маќола»-асари Низомии Арўзї аст. Њикояти Низомии арўзї дар бораи ин шеърро бархе тазкиранависони  баъдї (аз љумла Њамдуллоњи Муставфї дар «Таърихи гузида») бо андаке таѓйирот овардаанд. Аммо Љомї њикояти иншои ин шеърро бо мазмуни мутафовит бо «Чањор маќола» овардааст. Муњаќќиќони ањвол ва осори Рўдакї аз ќарни нуздањуми мелодї то имрўз њикояти «Чањор маќола»-ро бечунучаро пазируфтаанд. То он љо ки дар достон ва намоишномањое, ки дар Тољикистон ба муносибати љашнњои 1100 ва 1150-солагии Рўдакї иљро шуд, ин њикоят ба масобаи њаќиќати таърихї ба ањли љомеа таќдим шуд. Аммо дар бархе маќолањое, ки дар солњои ахир дар њавзаи Рўдакишиносї ба чоп расида, асолати ин ривоят мавриди шакку тардид ќарор гирифтааст. Аввалин касе, ки ба сињњати ин ривоят шак карда, Саид Нафисї аст. Нигорандаи ин маќола низ бо зикри далоили мутааддид ба дурустии ин ривоят бо дидаи тардид нигариста ва чунин натиља гирифта, ки њикояти Низомии Арўзї афсонаест, ки шояд ў аз дигарон шунидааст.
Keywords