نوع مقاله : مقاله پژوهشی
نویسنده
استاد دانشگاه ملی تاجیکستان
چکیده
کلیدواژهها
عنوان مقاله [English]
نویسنده [English]
Равшан Рањмонї аз фолклоршиносони барљастаи Тољикистон аст, ки бахши зиёде аз умри худро ба омўзишу баррасии эљодиёти шифоњии мардум ихтисос додааст. Ин маќола бо њадафи муаррифии ин донишманди тољик ба нигориш даромада ва дар поён фењристе аз осори вай ироа шудааст. Равшан Рањмонї дар сол 1980 ба њамроњи гурўње аз устодон ва кормандони Донишгоњи миллии Тољикистон дар симати мутарљим ба Донишгоњи Кобул рафт ва дар он љо ба гирдоварї, тањќиќ ва баррасии эљодиёти шифоњии мардуми даризабони Афѓонистон машѓул шуд ва китобњое дар ин замина ба раштаи тањрир даровард. Хидмати арзандаи дигари ў дар он солњо баргардони китоби «Тољикон»-и аллома Бобољон Ѓафуров аз хатти кириллї ба хатти форсї буд, ки миллати тољикро ба худшиносї ва худогоњї ва вањдати миллї роњнамої мекард. Ў пас аз бозгашт ба Тољикистон фаъолияташро дар Донишгоњи миллии Тољикистон идома дод ва барои љамъбандии корњои илмии худ ба бахши эроншиносии Донишгоњи Ломоносови Маскав эъзом шуд. Рањмонї беш аз сї сол аст, ки ба гирдоварии маводи фолклорї машѓул аст ва дорои 20 китоб ва беш аз 300 маќолаи илмї дар ин замина аст. Вай фолклори эронї ва тољикиро аз тариќи симпозиум ва конфронс ба љањониён муаррифї мекунад ва чандин гуфтугўи ў бо бо эроншиносони машњури дунё, мисли Ричард Фрай, Улриш Морзулф, Њасан Обидї ва... ба табъ расидааст. Дар соли 2003 китоби таърихи гирдоварї, нашр ва пажўњиши афсонањои мардуми форсизабон Равшан Рањмонї дар Эрон сазовори дарёфти Љоизаи байналмилалии пажўњиши сол шуд.
کلیدواژهها [English]