نوع مقاله : مقاله پژوهشی
نویسنده
استادیار
چکیده
کلیدواژهها
عنوان مقاله [English]
نویسنده [English]
Доманаи кўњњои Помир ё Бадахшон аз замонњои ќадим макони сукунати аќвоми эронинажод буда, ки бозёфтњои бостоншиносон гувоњи ин гуфтањост. Дар ќаламрави Тољикистон осори тамаддуни бостонии асрњои мухталиф (санг, биринљї ва оњан) замони њукмронии давлатњои Бохтар, Суѓд, Хоразм, Њахоманишї ва... кашф шудааст, ки нишондињандаи таърихи ќадими тамаддуни бостонї ва ѓании ин сарзамин аст. Олимони бостоншинос пас аз тањќиќу баррасии амиќи ќадимитарин мавзеъњои сукунати инсон ба ин натиља расидаанд, ки аљдоди тољикон ва дигар аќвоми ориёї дар сарзамини Тољикистони кунунї 400-500 сол пеш аз мелод умр ба сар мебурдаанд. Дар сарзамини Тољикистон аз ањди Бохтар, Њахоманишї, Юнонию Маќдунї, Юнонию Бохтарї, Кўшонї ва Њайтолии шимолї осори арзишманди таърихї ва фарњангї кашф шудааст. «Дафинаи Ому» яке аз маљмўањои гаронбањоест, ки дар њудуди ноњияи Ќубодёни Тољикистон ёфт шуд. Њамчунин дар солњои дањаи шасти мелодї тайи ковишњои бостоншиносї дар мавзеъи «Дафинаи Ому» осори арзишманди таърихї ва фарњангии дигаре ба даст омад, ки бо номи «Тахти сангин» машњур аст. Дигар осори тамаддуни эронї (ориёї)-и пешазисломї дар Тољикистон харобањои шањри Кайќубодшоњ аст. Ин шањр аз равобити деринаи диёри Фарорўд бо сарзамини Эрон њикоят мекунад. Дар ин сарзамин ёдгорињои зиёди таърихї аз ќабили шањри Тўс, дизи Тўс ва... мањфуз мондаанд. Кофирќалъа, ќалъаи Кофарнињон ва дайри будоии Аљиннатеппа аз дигар осори пурарзиши тамаддуни ориёї дар Тољикистон ва мантиќаи марказї аст. Аз тамаддуни бостонии Суѓд низ дар ќаламрави Тољикистон осори зиёде кашф шудааст, ки дар ин маќола ба таври мабсут муаррифї ва баррасї шудаанд.
کلیدواژهها [English]