نوع مقاله : مقاله پژوهشی
نویسنده
استادیار
چکیده
کلیدواژهها
عنوان مقاله [English]
نویسنده [English]
Авомили шаклгирии љунбиши маорифпарварї дар оѓози садаи бистум ва ваќоеъи муртабит бо он бо мубоњисањо ва мунозирањои мутааддиде дар миёни муњаќќиќон, муаррихон ва назарияпардозони инќилобї њамроњ аст. Устод Айнї ва Ф. Хољаев аз љумлаи муњаќќиќони таљаддудхоње њастанд, ки дар бораи нањваи шаклгирии ин љунбиш ва масоили муртабит бо он изњори назар кардаанд. Баррасии муњаќќиќон дар ин замина нишондињандаи таъсири Ањмади Дониш ва дигар маорифпарварони тољик монанди Возењ ва Шоњин дар шаклгирии инќилоби фикрии Бухорост. Маорифпарварони давраи нав низ, ки идомадињандаи суннатњои Ањмади Дониш ва ормонњои маорифпарварии ў буданд, дар шаклгирии афкори нављӯён наќше бориз доштанд. Дар ин маќола зимни табйини наќши ин афрод, таъсири нашриёти дохилї ва хориљї мисли «Њаблулматин», «Чењранамо», «Парвариш», «Мулло Насриддин», «Бухорои шариф», «Ваќт», «Шўро» ва... дар шаклгирии љараёни бедоргарї баррасї шудааст. Густариши китобњои маорифпарварони эронї мисли «Саёњатномаи Иброњимбек» асари Зайнулобидини Мароѓаї, «Китоби Ањмад ё Сафинаи Толибї» асари Абдуррањим Толибов ва навиштањои Мирзо Малкумхон аз авомили дигарест, ки дар инќилоби фикрии Бухоро таъсире инкорнопазир доштааст. Нигоранда дар поёни маќола ба ин натиља расидааст, ки осори маорифпарварони тољик, ќаламрави Туркистон ва дигар халќњо, дар тафаккур ва љањонбинии равшанфикрони тољик инќилоби фикрии бузургеро ба вуљуд овард, ки намояндагонаш бо таъсиси мактабу маориф, созмон ва гурўњњои махфї, рўзнома ва муассисањои фарњангї мардумро ба илмомўзї, ислоњ ва навсозии љомеа њидоят карданд.
کلیدواژهها [English]