نوع مقاله : مقاله پژوهشی
نویسنده
استادیار
چکیده
کلیدواژهها
عنوان مقاله [English]
نویسنده [English]
Њаракати љадидия дар ибтидо њамчун љараёни фарњангї ва маърифатї дар авохири садаи нуздањуми мелодї дар миёни равшанфикрони Осиёи Миёна арзи њастї кард ва дар оѓози садаи бистум њамчун љараёни иљтимої ва сиёсии ислоњхоњона дар тањаввул ва дигаргунињои љомеа наќши муайяне ифо кард. Ин маќола бо њадафи баррасии чистии ин њаракат ва муаррифии рањбарону тарафдорон ва низ марокизи он ба нигориш даромадааст. Масоиле назири тарбияти љавонон аз тариќи ислоњи усули таълим ва бунёди мадорисе бо усули нав, сабук кардани ањволи мардуми зањматкаш, ба тартиб даровардани молиётњо ва кам кардани онњо, ќатъи муњољирати дењќонони рус ба кишвари Туркистон, ислоњи усули кишвардорї ва... аз муњимтарин ањдофи њаракати љадидия дар Туркистон то Инќилоби феврали соли 1917 м. Русия аст. Аз рањбарони ин њаракат дар кишвари Туркистон низ метавон ба Мањмудхоља Бењбудї, Абдулќодир Шакурї ва Мунаввар Ќорї ишора кард. Дар љараёни њаракати љадидияи Бухоро дар радифи равшанфикрон тољирони мањаллї низ дохил шуданд ва бад-ин тартиб бандњое дар њавзаи аморат ба маќсаду мароми љадидони Бухоро изофа шуд. Љадидон, ки идомадињандагони фаъолияти маорифпарварони садаи нуздањум буданд, дар шароити хонигарии Хива низ ба далели мавќеияти заифи мухолифон дар ин диёр имкони фаъолияти озодона доштанд ва маќсаду мароми онњо бо љадидони кишвари Туркистон ва махсусан Бухоро мувофиќат мекард. Бино бар ин дар як натиљагирии куллї метавон гуфт њаракати љадидия, чи дар њудуди Туркистон чи иморати Бухоро ва хонигарии Хива, дар бедории мардум наќши асосї дошта ва дар тарѓибу ташвиќи навсозињо хидмати љомеъ кардааст.
کلیدواژهها [English]