Journal of Culture, Literacy and Linguistic Researches in Central Asia

Journal of Culture, Literacy and Linguistic Researches in Central Asia

Собит Манофзода, мунтаќид ва тарбиятгар

Document Type : Original Article

Author
Abstract
Дар шаклгирї ва рушди матбуоти муосири тољик сањм ва наќши равшанфикрони њамзабон, њамфарњанг ва њамдин чун эронињо ва озарињо ва туркњову тоторњо бисёр арзанда ва муњим будааст. Ањли ќалами тољик дар ибтидои ќарни бистум на танњо аз таљриба ва заковати ин халќњо истифода кардаанд, балки дар канори намояндагони онњо барои ташкили  матбуот ва адабиёт иќдом ба муборизаи маънавї кардаанд. Собит Манофзода аз љумлаи чунин ашхосе аст, ки дар ташкили матбуот ва наќди адабии муосири тољик сањми назаррас доштааст. Манофзода ба далели ошної бо кори матбуотї, дар табъ ва нашр маљаллаи “Рањбари дониш”, ки шумораи нахусти он бо номи дониш ва биниш чоп шуда буд, наќши фаъол дошт. Ў маќолоте дар хусуси инќилоби адабї дар ин маљалла ба чоп расонд. Фаъолияти С. Манофзодаро ба таври кулли метавон ба чањор гурўњ таќсим кард, ки иборатанд аз: омўзгорї, рўзноманигорї, наќќодї ва нависандагї. Манофзода то поён умр (1937м) аз кори эљодӣ дур нашуда ва њамчун рўзноманигор (нависандаи маќолоти сиёсї ва иљтимої) ва мунтаќид- тарбиятгар дар ташкили матбуот ва адабиёти тољик дар солњои 20-30 ќарни бистум сањми арзанда ва наќши муњим доштааст.
Keywords