نوع مقاله : مقاله پژوهشی
نویسنده
استاد دانشگاه روزنامهنگاری دانشگاه ملّی تاجیکستان
چکیده
کلیدواژهها
عنوان مقاله [English]
نویسنده [English]
Рањим Њошим, адабиётшинос, мутарљим, рўзноманигор ва муњаррири маъруфи тољик, дар соли 1908 мелодӣ мутаваллид шуд ва дар Самарќанд ба камол расид. Љавонии ў муќорин бо давронест, ки дар ин маркази бостонии форсизабонон тањаввул ва дигаргунињои чашмгире рух дода буд. Рањим Њошим дар рушду нумуи мактабу маориф, матбуот ва нашриёт ва илму адабиёти тољик хадамоти арзишмандеро ба анљом расондааст. Ў бо њидояти устодаш Садриддини Айнї, дар матбуоти навтаъсиси тољик дар Самарќанд мисли “Овози тољик”, “Рањбари дониш” ва Нашриёти давлати Тољикистон фаъолона ширкат доштааст. Вай дар бањсњои матбуот дар он солњо рољеъ ба забони тољикї ва роњу усули сода ва оммафањм кардани забони матбуот ширкат варзид ва маќолањое дар ин замина таълиф кард. Рањим Њошим на танњо дар рушди матбуот ва нашриёти навтаъсиси тољик хидмат арзанда карда, балки аввалин маќолањо рољеъ ба таърихи матбуоти тољикро низ навиштааст. Бахши дигари фаъолияти Рањим Њошим марбут ба тарљумаи осори пешвоён ва бунёдгузорони давлати Шўравї ва адибони халќњои љањон аст, ки аввалин тарљумањои вай дар солњои дањаи бист садаи бист дар матбуот ва нашриёти навтаъсиси тољик ба табъ расиданд. Рањим Њошим рољеъ ба фанни тарљума ва мањорати мутарљимон низ чанд маќола мунташир кардааст. Ў њамчунин муаллифи китобњои дарсї ва тадвингари китобњои хониш барои талабагони макотиби тањсилоти њамагонӣ будааст.