نوع مقاله : مقاله پژوهشی
نویسنده
استاد دانشکدة روزنامهنگاری دانشگاه ملّی تاجیکستان
چکیده
کلیدواژهها
عنوان مقاله [English]
نویسنده [English]
Эрониёни муњољир дар таърихи маданияит Шўравии тољик, умуман дар таърихи рўзноманигории Тољикистон наќше фаромўшношуданӣ доранд. Яке аз шахсиятњои маъруфе, ки дар пайдоиш ва шаклгирии матбуоти Шўравии тољик воќеан сањми арзандае дошт, Қосим Тоњирзода Дайламї аст. Вай дар солњои 1921-1925 мелодӣ дар Дорулфунуни коммунистии мењнаткашони шарќ (шањр Москва) дарс хонд ва сипас барои кор ба Тољикистон омад. Байни солњои 1926-1929 мелодӣ сардори идораи маорифи сиёсии Тољикистон, дар соли 1930 мелодӣ муњаррири рўзномаи “Тољикистони сурх” ва соли 1934 мелодӣ мудири бахши матбуоти Кумитаи марказии њизби коммунисти Тољикистон шуд. Вай дар солњои 1935-1937 мелодӣ мудирияти Нашриёти давлатии Тољикистонро бар уњда гирифт. Доират-ул-маъорифи Шўравии тољик дар бораи њаёти пурфољиаи ин мард дар солњои 1937-1956 мелодӣ, яъне дар бораи њудуди бист сол аз зиндагии ин мард ба куллї хомўш аст. Њудуди 20 соли охири умр Қосим Дайламӣ низ дар бахши хориљии радиои Тољикистон мегузарад ва ў яке аз созмондињандагон ва рањбарони он будааст.
کلیدواژهها [English]