نوع مقاله : مقاله پژوهشی
نویسنده
استاد
چکیده
کلیدواژهها
عنوان مقاله [English]
نویسنده [English]
Муњољирати эрониёни коммунист ба Иттињоди шўравї дар ду давра ба вуќўъ пайваст: давраи аввал, ки аз он ба «мављи аввал» ёд мешавад, марбут ба соли 1922 мелодӣ аст, ки тайи он Абулќосим Лоњутї ва 150 нафар аз њамроњонаш вориди хоки Шўравї шуданд. Мављи дувуми муњољират баъд аз љанги љањонии дувум иттифоќ афтод, ки тайи он гурўње аз эрониёни коммунист, ки бархе аз онњо ањли фарњангу адаб буданд, вориди хоки Шўравї шуданд. Яке аз ин муњољирони ањли адаб ва фарњанг шоираи љавон Жола Бадеъ аст. Жола дар соли 1922 мелодӣ дар шањри Исфањон ба дунё омад ва баъд аз итмоми коллељ дар сафарњое, ки ба Тењрон дошт, бо шоироне чун маликушшуаро Бањор, Парвини Эътисомї, Эраљ Мирзо, Ишќї ва Лоҳутӣ ошно шуд. Ў дар соли 1944 мелодӣ ба њаракати инќилобии зидди шоњ пайваст ва пас аз шикасти инќилоб ба Шўравї рафт. Жола муддати сездањ сол дар Боку зист ва дар соли 1959 мелодӣ ба Москва омад. Ў агарчи пас аз омадан ба Шўравї ба корњои илмӣ низ машѓул гардид, бештар шоир буд ва бо ањли адаби тољик робита барќарор кард ва маљмўаи ашъораш пай дар пай дар шањри Душанбе ба табъ мерасид ва мавриди истиќболи мардуми тољик ќарор мегирифт. Жола дар нимаи дувуми ќарни бистум то замони истиќлол барои тољикон баъд аз устод Лоҳутӣ пуле миёни адабиёти муосири Тољикистон ва Эрон буд ва њамин ваљњаи шоирии ў буд, ки сабаби пайвастанаш ба адабиёти муосири тољик шуд ва ўро мањбуби тољикон гардонид.
کلیدواژهها [English]