نوع مقاله : مقاله پژوهشی
نویسنده
استادیار
چکیده
کلیدواژهها
عنوان مقاله [English]
نویسنده [English]
Аббос Алиев (Аббос Ализода, 1899- 1958 мелодӣ) аз фарзандони арљманди Бухорои шариф ва аз тољикгароёни фидокор буд, ки барои њимоят аз њуќуќи мардуми тољик мубориза мекард. Дар ин маќола нигоранда бо такя бар манобеи мухталиф ва низ аз хилоли ривоятҳои афроди гуногун шарњи њоли муфассале аз зиндагии Алиев баён кардааст. Асл ў аз эрониёни Бухоро будааст. Алиев аз соли 1917 мелодӣ фаъолиятњои инќилобиашро оѓоз кард ва узви Ҳизби коммунист шуд. Ў њарчанд бо сиёсати пантуркистии баъзе њукуматдорони Бухорои шўравї ва баъзе сарварони Ҳизби коммунисти Бухоро мубориза мекард ва шояд дар бархе масъалањои дигар њам бо онњо ихтилоф дошт, ба марому маслаки коммунисти худ устувор буд. Санањои асосии зиндагии Алиев ва тартиби замонии рўзгори ўро аз нимаи дањаи бистум то нимаи дањаи сиюм бад-ин тариќ метавон таъйин кард: солњои 1924-1927 мелодӣ (вазири маорифи Тољикистон), солњои 1928-1929 мелодӣ (муовин вазири маорифи Самарќанд ва мудири бозомўзии тобистонии муаллимони Бухоро), солњои 1929-1933 мелодӣ (тањсили илм дар институти ховаршиносии Москва), солњои 1933-1935 мелодӣ (устоди Донишгоњи давлатии Тошканд ва дорулмуаллимини тољикони Тошканд). Ў њангоми кор дар Донишгоњи Осиёи Миёна, яъне соли 1933 ё 1934 мелодӣ, ба дарёфти унвони доктори таърих мушарраф шуд. Алиев дар соли 1947 Душанберо тарк кард ва дар Алма-ато њаётро тарк гуфт. Вайро дорои 29 асари илмӣ донистаанд. Дафтари шеъре низ аз ў мављуд аст, ки ба њамроњи дигар дастнавиштањояш дар бойгонии Алма-ато нигањдорӣ мешавад.
کلیدواژهها [English]