نوع مقاله : مقاله پژوهشی
نویسنده
استاد دانشکدة روزنامه نگاری دانشگاه ملی تاجیکستان
چکیده
کلیدواژهها
عنوان مقاله [English]
نویسنده [English]
Дар ин маќола нигоранда бо муаррифи ќиссаи “Шањло ва Шифо”, таълифи Аскари Ҳилолиён (бо њамроњї А. Шукўњӣ) ба шуњрат ва мањбубияти ин нависанда дар миёни мардуми Тољикистон ишора карда ва дар идома ба муаррифии ў ба унвони як рўзноманигор ва холиќи осори бадеӣ пардохтааст. Аскари Ҳилолиён (Алиаскари Ҳилолуѓлӣ) ба соли 1925 мелодӣ дар боѓшањри Машњади Эрон дида ба љањон гушўд. Баъдњо ба Иттињоди шўравї омад ва аз соли 1963 мелодӣ то охирин рўзњои њаёташ ба унвони хабарнигори вежаи «Тољикистони советӣ» фаъолият доштааст. Њилолиён аз љумлаи он рўзноманигоронест, ки њаќиќатњоро навишта, хонандаро фиреб надода ва дар мањдудаи ќонун ва одоб рўзноманигорӣ даст ба ќалам бурдааст. Вай бо завќ ва табъи баланди худ рољеъ ба мушкилоти миллат, худшиносї ва ватандорӣ матолибе дар матбуот ба нигориш даровардааст. Аскари Ҳилолиён дар соли 1942 шурўъ ба эљоди осори бадеӣ кард, ки аз љумлаи онњо метавон ба ќиссањои “Ёддоштњои як гурусна”, “Имзои шахсӣ”, “Мастчоњи куњна ба нав” (маљмўанавиштањо), њикояњои “Нозанин” ва... ишора кард. Вай барои хадамоти пурсамараш дар рўзноманигорї ва адабиёти њукумати шўравї ифтихорномањои зиёде дарёфт кардааст.
کلیدواژهها [English]