نوع مقاله : مقاله پژوهشی
نویسنده
استاد دانشکده شرقشناسی دانشگاه ملی تاجیکستان
چکیده
کلیدواژهها
عنوان مقاله [English]
نویسنده [English]
Дар солњое, ки равшанфикрони чапгарои эронї ва аз љумла, аъзои њизби “Тўда” ба иллати пайравӣ аз идеологияи марксизм-ленинизм ва саъю талошњои сиёсии худ мавриди таъќиби њукумати хонадони пањлавї буданд, иддае аз онњо ба Иттињоди шўравї омаданд ва бархе аз онњо Тољикистонро макони иќомати худ ихтиёр карданд. Њамаи ин афрод по ба пойи мардуми тољик дар кори созандагї ва рушди илму фарњанг сањми босазо доштаанд. Юсуф Ҳасаналӣ яке касоне аст, ки таќдир зиндагии ўро бо мардуми Тољикистон пайваст. Нигорандаи ин маќола, ки худ аз дўстони устод Ҳасаналӣ буда, дар ин маќола бо зикри хотирот саъй дар шиносондани ин устоди фарњехта дошта ва вуљўње аз шахсияти ўро ошкор кардааст. Њасаналӣ бо ин ки фориѓуттањсили Донишкадаи кишоварзии Тољикистон буд, шавќу раѓбат ба забон ва адабиёти форсӣ ўро ба бахши эроншиносии Донишгоњи давлати Тољикистон овард ва тамоми умри худро ба омўзиш ва парвариши љавонони тољик бахшид. Ў њамчунин хаттоти мумтоз буд ва хаттотии китоби худомўзи алифбои ниёконро бар уњда гирифт. Устод Ҳасаналӣ ба њамроњи нигорандаи ин маќола ва хонум Мукаррама Қосимова ва Шањбоз Кабиров дар таълими алифбои ниёгон, ки дар њафтаномаи “Адабиёт ва санъат” сурат мегирифт, ширкат доштааст.
کلیدواژهها [English]