نوع مقاله : مقاله پژوهشی
نویسنده
استاد دانشگاه ملی تاجیکستان
چکیده
کلیدواژهها
عنوان مقاله [English]
نویسنده [English]
Мӯсо Раљабов аз ходимони бузурги њизби коммунист ва миллат тољик ва аз љумлаи шахсиятњоест, ки дар сохтори њаёти иљтимоии Тољикистон ва ба хусус дар арсаи илм ва фарњанги он сањми босазо доштааст. Дар ин маќола нигоранда пас аз баёни шарњи њоли устод, ба муаррифї ва баёни осори ў пардохтааст. Раљабов дар тўли умри худ дар ташкилоти гуногуни њизби коммунист ва давлати он рӯзи тољикон, Тољикистон Шўравї, ба вежа дар муассисањои илмї ва омўзгории љумњурї, ба унвони як шањрванди парвардаи фарњанги тољикӣ-форсї адои вазифа карда ва сазовори эњтироми ањли љомеа будааст. Вай дар канори иљрои корњои илмӣ-тањќиќотӣ дар риштаи фалсафа, сарварии курси марксизм-ленинизмро низ бар уњда дошт. Раљабов дар солњои 1960-1989 мелодӣ муовини раиси корњои илмии Донишгоњи Давлатии омўзгории Тољикистон ва аз соли 1989 мелодӣ то поёни умраш, ки ба январи 1997 мелодӣ мутобиќ аст, ба унвони профессори курси фалсафаи донишгоњи номбурда иљрои вазифа кардааст. Вай бо заковати фитрии модарзодӣ дар рушди љомеаи тољикон ва илму адаби он сањми арзандае доштааст. Аз ў њафт китоб ва беш аз панљоњ маќолаи илмӣ дар заминаи масоили фалсафї, ахлоќї ва иљтимої ба љо мондааст. Аз миёни осори ў метавон ба “Ҷањонбинии Убайд Зоконї”, “Абдуррањмони Ҷомї ва фалсафаи халќи тољик дар садаи понздањ”, “Аз таърихи афкори иљтимоии халќи тољик ва аќидањои фалсафии иљтимої ва ахлоќии Амирхусрави Дењлавї” ишора кард.
کلیدواژهها [English]