نوع مقاله : مقاله پژوهشی
نویسنده
عضو پیوسته آکادمی علوم تاجیکستان
چکیده
کلیدواژهها
عنوان مقاله [English]
نویسنده [English]
Абулќосим Лоҳутӣ яке аз шинохтатарин шоирони форсигўйи муборизи садаи бистум аст, ки тамоми осор ва фаъолиятњои адабии худро дар роњи манофеи мардум сарф кард ва шеърро абзоре дар хидмати ба онон ќарор дод. Дар ин маќола зимни ароаи шарњи њоли мухтасаре аз Лоњутї, ба фаъолиятњои сиёсї, фарњангї ва иљтимоии ў дар њарду кишвари Эрон ва Тољикистон пардохта шудааст. Ашъори Лоҳутӣ дар бедорї ва худшиносии мардуми Эрон ва Тољикистон наќши бисёр муњим дорад. Вай бо шеърњои инќилобии худ назми инќилобии Эронро бунёд нињод ва яке аз сардафтарони назми шўравии тољик шуд. Ў аз рўзе, ки ба Тољикистон ќадам нињод, таќдири худро ба таќдири халќи тољик ва адабиёти шўравии тољик пайванд зад. Лоҳутӣ дар соли 1925 мелодӣ ба унвони аввалин мудири Нашриёти давлатии Тољикистон таъйин шуд. Ў дар таъсис ва рушди дигар сохторњои фарњангӣ низ сањми босазо дошта ва ба унвони муовини вазири маорифи Тољикистон ва шоири номї ва ходими иљтимої бо дилсўзии тамом ба кори мактабу маориф пардохта ва барои бењтар шудани вазъи китобњои дарсї ва омўзишу тарбияти донишомўзон љидду љањди зиёде кардааст. Фаъолияти инќилобии устод Лоҳутиро аз эљодиёташ ва эљодиёташро аз фаъолияти инќилобиаш људо кардан имконнопазир аст. Дар адабиёти форсизабонон шоире вуљуд надорад, ки масъалањои рўзгори талхи ранљбарони ситамкшидаро то ин андоза васеъ ва амиќ ва бо таваљљуњи тамом тасвир карда ва маќоми бузург онњоро дар иљтимоъ нишон дода бошад.
کلیدواژهها [English]