نوع مقاله : مقاله پژوهشی
نویسنده
استادیار
چکیده
کلیدواژهها
عنوان مقاله [English]
نویسنده [English]
Ҷойгоњи дин дар љањонбинии маорифпарварони тољик ва таносуби афкори динї ва дунёӣ дар осори онњо ва ба таври куллї дарки дидгоњи равшанфикрон дар бораи дин мавзўи бањси маќолаи њозир аст. Бад-ин манзур, нахуст мафњуми равшанфикрӣ бар асоси дидгоњи назарияпардозони ин њавза баён шуда ва дар идома хусусиёти ин падида дар давраи нав, чи дар Аврупо ва чи Шарќ, мавриди баррасӣ ќарор гирифтааст. Тибќи мутолиоти анљомшуда, њарчанд омили барангезандаи маорифпарварӣ ангезањои хориљӣ буда, худи маорифпарварӣ дар заминаи ормонї ва фарњангии шарќӣ шакл ёфтааст. Маорифпарварӣ дар Осиёи Миёна њамчун дигар кишварњои њамсоя пеш аз њама натиљаи аксуламали дирам ќобили истеъмор ва эњсоси аќибмондагї аст. Бинобарин, мутафаккирони тараќќихоњи ин кишварњо барои рањоӣ аз ин вазъият дар пайи дастёбӣ ба шуњрат ва азамати аз дастрафтаи худ аз тариќи таљдиди шуури исломӣ баромаданд. Дар ин маќола нигоранда пас аз баррасии вазъияти аморати Бухоро дар нимаи дувуми асри нуздањ ва тањлили аќоиди назарияпардозони мухталиф, ба ин натиља расидааст, ки корбасти хирад дар умури динӣ яке аз шартҳои асосии равшанфикрони тараќќихоњ барои тањаќќуќи ислоњот ва равшангарӣ будааст. Эшон дар идома бо баёни ањдофи њаракати маорифпарварї ва ислоњи динӣ дар Шарќ, зимни таъкид бар тафовути мављуд байни њаракати ислоњталабї ва маорифпарварї, тањаввулот дар шуури диниро яке аз вежагињои муњими маорифпарварӣ донистааст. Ба бовари нигоранда, яке аз муњимтарин хусусияти идеологияи ислоњот, ки маорифпарварон ба он гаравидаанд, тафсиру таъвил тозае аз тавњиду калимаи шањодат аст. Тибќи ин тафсир, тавњид бештар хусусияти иљтимої- сиёсӣ касб карда ва ба унвони раванди идеологияи њаракати миллӣ- озодихоњӣ алайњи режимњои истибдодӣ бадал мешавад.
کلیدواژهها [English]