نوع مقاله : مقاله پژوهشی
نویسنده
استادیار
چکیده
کلیدواژهها
عنوان مقاله [English]
نویسنده [English]
Дар Қонуни асосии Ҷумњурии Тољикистон, аз љумла дар моддаи дувуми ќонуни асосї, бар људо будани созмонњои динӣ аз давлат ва мудохила накардани онњо дар корњои давлатӣ ба таври возењ таъкид шудааст. Давлати Тољикистон њељ гуна тафаккур, на тафаккури динї ва на тафаккури ѓайридиниро (масалан њизбӣ) ба унвони тафаккури давлатӣ ба расмият намешиносад. Зеро гуногунандешӣ асоси пешрафт ва рушди љомеа талаќќї шудааст. Дар бораи муносибати шахс бо дин бояд ёдоварӣ кард, ки дар Ҷумњурии Тољикистон њар кас њаќ дорад муносибати худро нисбат ба дин ба таври мустаќил муайян кунад ва ба сурати фардӣ ё дастаљамъӣ аз ин ё он дин пайравӣ намояд. Бар асоси њамин ќавонин, давлат озодии фаъолияти ташкилоти динї ва озодии эътиќоди шахсиро дар љумњурӣ таъмин мекунад ва њар як аз ташкилоти динӣ бар асоси оинномаи худ мустаќиман фаъолият мекунанд. Аммо иљозаи хурофотпарастї ва ифротгароиро намедињанд. Нигоранда дар охири ин маќола шарњ медињад, ки дар кишвари Тољикистон имконоти васеи интихоби озодонаи дин ва диндорӣ рўз ба рӯз дар њоли густариш аст ва фазои эњтиром ба аќоиди гуногуни динӣ аз љониби маќомоти њукуматӣ комилан њифз ва риоят мешавад ва ќонуни асосӣ ихтиёр њар шањрвандро дар интихоби дин ва иљрои маросими динӣ комилан таъмин ва пуштибонӣ мекунад.
کلیدواژهها [English]