نوع مقاله : مقاله پژوهشی
نویسنده
استادیار
چکیده
کلیدواژهها
عنوان مقاله [English]
نویسنده [English]
Ориёињо, ки яке аз аќвоми бузурги ҳинду эронї (шохае аз аќвоми аввалияи њинду аврупоӣ) њастанд, ниёгони бостонии тољикон ба шумор меоянд. Дар ин маќола ба боварњо ва эътиќодоти ориёињои сокин дар Осиёи Марказї, ки реша дар боварњои аљдодияшон, яъне аќвоми њинду аврупоӣ дорад, ишора шудааст. Нигоранда бо ташрењи назариёти донишмандон ва сайёњони мухталиф, аз ќабили Артур Кристенсен, донишманд даниягї ва Сивон Тсзон, сайёњи чинї ва њамчунин, баррасии мутуни навишта шуда дар ин замина мисли “Осор-ул-боќия”-и таълифи Абурайњони Берунї ва китоби “Шањристонњои Эрон”, ки дар авохири ањди Соcониён ба нигориш даромада, ба шарњи мавзўъ пардохта ва ба ин натиља расидааст, ки куњантарин худоёни њинду аврупоӣ «дёъус» буда, ки пас аз нузули ў, худои дигар, яъне «Воруна» љойгузини он шудааст. Воруна ба њамроњи Митро аз ќудратмандтарини худоёни ҳинду эронї њастанд. Баъдњо дар миёни ориёињои Осиёи Марказї, яъне тољикон, адёни дигаре мисли зардуштї, буддої, њинду, монавї, насронї ва... интишор ёфтанд, ки муњимтарин онњо то даврони ислом дини зардуштӣ буд.
کلیدواژهها [English]