نوع مقاله : مقاله پژوهشی
نویسنده
استادیار
چکیده
کلیدواژهها
عنوان مقاله [English]
نویسنده [English]
Дар ин маќола нигоранда дар ибтидо бо тарњи ин савол, ки кадом омилҳо бар фазои иттилоотии Тољикистон таъсир доранд ва аз он чӣ гуна метавон муњофизат кард, ба баёни мавзўъ пардохта, сипас фазои иттилоотии Тољикистонро аз лињози фундаменталӣ баррасӣ намуда ва дар панљ маврид онро ташрењ кардааст. Нигоранда бар ин бовар аст, ки мушкилоти фазои иттилоотӣ ва вазъи василањои иттилоотии Тољикистон чунон аст, ки амниятро наметавонанд таъмин кунанд. Њамаи шабакањои расмии телевизиони Тољикистон, њатто иттилооти расмиро тавре мунташир мекунанд, ки дилгиркунанда мешаванд ва мусалламан мухотаб барои худ манбаи дигарро љустуљў мекунад. Студияи телевизиони хусусӣ аз назари техникї ва моддӣ чунон ољиз аст, ки ба фазои иттилоотӣ чизе наметавонад бифзояд. Дар нињоят ин ки дар Тољикистон њудуди сї шабакаи телевизионї ва радиои хусусӣ фаъолият мекунанд. Гирифтани муљаввиз барои фаъолияти ин шабакањо кори осоне нест ва натиљае, ки аз фаъолияти онњо бармеояд, хеле кам пеш меояд, ки барои љомеа муфид бошад.
کلیدواژهها [English]