نوع مقاله : مقاله پژوهشی
نویسنده
استادیار
چکیده
کلیدواژهها
عنوان مقاله [English]
نویسنده [English]
Оҷонсии миллии иттилоотии «Ховар»-и Тољикистон яке аз муњимтарин ва бонуфузтарин маркази иттилоотии Ҷумњурии Тољикистон аст. Дар соли 1925 мелодӣ ин марказ дар овони фаъолияти муќаддамотии худ ба унвони шуъбаи оҷонсии телеграфии Иттињоди шўравї хидмат мекард. Аз рўзњои аввали истиќлоли Тољикистон, ба пешнињоди ањли илму адаб ва фарњанг зарурати таѓйири номи оҷонсии телеграфии Тољикистон ба миён омад ва дар 10-уми апрели соли 1992 мелодӣ Оҷонсии маркази иттилоотии Тољикистон «Ховар» номида шуд. Баъд аз ба эътидол омадани вазъи љумњурӣ, ки шумораи њафтаномањо, моњномањо, нашрияњои њукумативу хусусї ва марказҳои нави иттилоотӣ афзоиш ёфт, Ҳукумати Ҷумњурии Тољикистон бо ќарори худ аз 30-юми апрели соли 2004 мелодӣ тањти раќами 184 номи Маркази иттилоотии Тољикистон-«Ховар»-ро ба Оҷонсии миллии иттилоотии Тољикистон «Ховар» табдил кард ва дар аввали октябри соли 2004 мелодӣ Ҳукумати Ҷумњурии Тољикистон «Дар бораи танзими љараёни тањия ва интишори иттилооти расмӣ» ќарор ќабул кард. Мувофиќи ин ќарор бо њадафи љамъоварии маводи муњими тањлилии хабарњо рољеъ ба Тољикистон ва дастрас намудани рўйдодњои муњими љањон, доираи фаъолияти хабарнигоронро васеъ кард ва дар шањрњои Москва, Берлин ва Анќара дафтари хабарнигорони Оҷонсии «Ховар» таъсис шуд.
کلیدواژهها [English]