نوع مقاله : مقاله پژوهشی
نویسنده
استادیار
چکیده
کلیدواژهها
عنوان مقاله [English]
نویسنده [English]
Яке аз асоситарин рисолати давлатњои нав ёрӣ ба забони миллӣ барои њамроњ шудан бо тањаввулоти технологӣ аст. Забоне, ки натавонад ќобилияти њамоњангӣ бо дигаргунињоеро, ки дар арсаи иртиботот њодис мешавад, пайдо кунад, бетардид дар дарозмуддат аз гардунаи муносиботи љањонӣ њазф хоњад шуд. Аз дигар сӯ, агар дар арсаи миллӣ илм тавлид нашуд ва корбарон ба ночор барои касби илм ба манобеи ѓайр аз забони миллӣ руљӯъ кунанд, илова бар масрафи њазинањои зиёд бояд масрафкунандаи ѓайримуассир бошанд. Бад-ин маъно, ки ин навъ масрафкунандаи илм ва технология мафкураи миллии худро фаромўш мекунад ва бояд ба забоне восит бо олами илм иртибот барќарор мекунад. Аз ин рӯ, масрафкунандагони ѓайримулд илм бунёнњои њувияти миллиро дар маърази тањдид ќарор медињанд. Бинобарин, давлат вазифа дорад имкон фароњам кунад, ки масрафкунандаи технологї илми худро дар фароянди тавлиди он мушорикат дињад. Дар кишварњое, ки забон наќши асосӣ дар баёни њувияти миллӣ дорад, њамхон кардани забон бо раванди тавсеаи технологї ва фарогир кардани истифода аз фановарї дар зиндагї ва барӯз кардани иттилооти шањрвандон аз тариќи фановарии иттилоот ва барномарезӣ барои тавсеаи илми кишвар ва ќарор гирифтан дар мадори тавлиди илм муњиммтарин барномаи давлат аст.
کلیدواژهها [English]