نوع مقاله : مقاله پژوهشی
نویسنده
استادیار
چکیده
کلیدواژهها
عنوان مقاله [English]
نویسنده [English]
Пас аз истиќлоли Тољикистон ва дар пайи тасвиби силсилаи ќонунњо дар бораи воситањои ахбори умум, воситањои ахбори Тољикистон ба љањони матбуоти озод гом нињод. Назарияпардозон сирфан бо ишора ба љињатњои манфии матбуоти озод, аз љанбањои мусбати он сарфи назар кардаанд. Њол он ки боризтарин вежагии ин љараён таъмини озодии баён аст. Дар ин маќола, ки дар бораи расонањои хусусии Тољикистон ба нигориш даромада, нависанда пас аз баёни вазъияти матбуоти тољик дар давраи њокимияти шўравї, ба бањси матбуоти озод пас аз фурўпошӣ пардохтааст. Дар авохири соли 1990 мелодӣ, андаке пеш аз фурўпошии Иттињоди шўравї дар Тољикистон низоми матбуоти њизбї ва Шўравї аз миён рафт ва замина барои таъсиси матбуоти хусусӣ ба вуљуд омад. Рушди васоили иртиботи њамагонии хусусӣ дар Тољикистон тайи бист соли ахир чањор марњаларо пушти сар гузоштааст. Дар марњалаи аввал, нашриёти хусусии Тољикистон чун дорои вежагињои сиёсӣ буданд, бо сари кор омадани њукумати нав ё мутаваќќиф шуданд ё берун аз Тољикистон ба интишор идома доданд. Дувумин давраи нашриёти хусусии Тољикистон ба нимаи дувуми солњои навад, яъне замоне, ки авзои иљтимої ва сиёсии Тољикистон нисбатан ором шуда буд, марбут аст. Вазъи матбуоти хусусии тољик дар ќарни 21 дар марњалањои севум ва чањоруми рушд ќарор дорад. Марњалаи севум то тирамоҳи соли 2004 мелодӣ идома дошт ва маљаллањои мухталифе дар ин давра ба чоп расид. Марњалаи чањорум, ки давраи ороми рушди воситањои ахбори омма дар Тољикистон аст, аз соли 2005 мелодӣ оѓоз шудааст ва то ба имрўз идома дорад. Ба таври куллӣ воситањои ахбори омма дар њамаи бахшњои сиёсї, иљтимої ва фарњангии љомеа каму беш муассиранд. Матбуот, радио ва телевизион низ, ки љузъи моликияти хусусианд, дар чањорчӯби ќонун њар матлаб ва назареро, ки меписанданд, дарљу таблиѓ мекунанд. Нигорандаи маќола дар поён ёдоварӣ карда, ки вазифаи расонањои њар кишвар дар он аст, ки бо ба кор гирифтани забони расмии китобии кишвари худ барои таблиѓи он мусоидат кунанд.
کلیدواژهها [English]