نوع مقاله : مقاله پژوهشی
نویسنده
استادیار
چکیده
کلیدواژهها
عنوان مقاله [English]
نویسنده [English]
Аз нашри нахустин шумораи рўзномаи тољикї, яъне “Бухорои шариф” дар 11-уми марти соли 1912 мелодӣ то ба имрўз матбуоти тољик роњи душвор, вале пурифтихорро тай кардааст. Теъдоди рўзномањо, маљаллањо, матбаањо ва оҷонсњои иттилоотие, ки то ба имрўз дар Тољикистон сабт шудааст, гувоњи он аст, ки истиќлол ва озодии афкор барои рушди матбуот имконњои васеъ фароњам кардааст ва аз њамин рӯст, ки шумораи нашрияњои даврӣ ба тадриљ зиёд ва фазои иттилоотии љомеа комилтар шудааст. Дар ин маќола, зимни ташрењи шароити кунунии матбуоти Тољикистон, ду мавзўи муњим ва мавриди таваҷҷуҳи матбуот, яъне сабабҳои нокомӣ дар арсаи ислоњоти иќтисодї ва решакан кардани љиноятњои вобаста ба интиќоли ѓайриќонунии маводи мухаддир баррасӣ шудааст. Бо диќќати назар дар ин мавзўъ метавон натиља гирифт, ки давлат ин ду мушкилро фаќат дар сурате метавонад њал кунад, ки рўзноманигорон битавонанд афкори иљтимоиро њамоњанг кунанд ва имконоти нашрияњо ва воситањои таблиѓотии худро барои амалї кардани ислоњоти иќтисодї ва њалли масоили иљтимої, илмї ва фарњангӣ ба кор гиранд. Масъалаи одоби журналистї яке аз рукнњои асосии пешаи рўзноманигорї мавзўи дигарест, ки дар ин маќола мавриди баррасӣ ќарор гирифтааст. Ба бовари нигоранда, бо ин ки матбуоти даврии Тољикистон то андозае љавобгўйи талаботи демократӣ њастанд, кам нестанд рўзноманигороне, ки сафањоти матбуотро ба минбари бањсњои арзон табдил кардаанд. Бинобарин, бар рўзноманигорон вољиб аст, ки ба љойи пардохтан ба ин бањсҳои арзон, мардумро ба сулњу осоиш ва вањдати миллӣ њидоят кунанд ва дар роњи амалї кардани сиёсати демократӣ бикушанд.
کلیدواژهها [English]