نوع مقاله : مقاله پژوهشی
نویسنده
استادیار
چکیده
کلیدواژهها
عنوان مقاله [English]
نویسنده [English]
Самарќанд аз лињози љуѓрофиё дар љануби Суѓд ќарор доштааст. Ин шањр, ки њамвора маркази ободи ин иќлим ба шумор мерафта, тадриљан ба тараќќию таолї расида ва боиси пайдоиши истилоњи «Суѓди Самарќанд» шудааст. Дар ибтидои асрњои миёна маќоми ин шањр аз лињози сиёсї ва иќтисодї хеле боло рафт. Таърих баёнгари он аст, ки Самарќанд низ њамчун дигар шањрњои нимамустаќил мавриди њамлаи арабњо воќеъ шуд ва Табарї аз достони чигунагии забти шањр ва тадбирандешињои Ќутайба бобати нигањ доштани Самарќанд њикоят мекунад. Дар оѓози садаи нуњуми мелодї Самарќанд муддате аз равнаќу шукуфоии дерина афтод. Љуѓрофиёдонони садаи дањум навиштаанд, ки Самарќанд дар мањалле баланд дар шарќи Бухоро воќеъ шудааст ва онро сабзтарин шањри Мовароуннањр номидаанд. Мардуми Самарќанд дар остонаи њуљуми арабњо ба динњои зардуштї, будої, зарвонї ва масењият эътиќод доштанд; Аммо як ќарн баъд аз он ислом дини аксари ањолї шуд. Њамчунин ин шањр пойтахти нахустин хонадони сомонї буда ва то рўзгори амир Исмоили Сомонӣ ин љойгоњро њифз кардааст. Дар ин маќола вазъият ва љойгоњи сиёсї, иќтисодї ва иљтимоии Самарќанд дар асри Сомониён баррасї шудаву аз даврањои пешрафт ё уфулу нузули он дар тўли таърих шарњи мухтасаре омадааст.
کلیدواژهها [English]