نوع مقاله : مقاله پژوهشی
نویسنده
استادیار
چکیده
کلیدواژهها
عنوان مقاله [English]
نویسنده [English]
Беш аз њазор сол аст, ки Самарќанду Бухоро ќувваи марказиятбахши маданият тољиконро ташкил додаанд. Дар тўли ќарнњо ин ду шањр, хусусан Бухоро, маркази сиёсї, иќтисодї ва мадании тољикон будааст. Намоёнтарин фарзандони халќ, нависандагон, олимон, табибон, њунармандон ва пешаварони забардаст аз њар гўшаву канори Осиёи Миёна ва атрофи он дар ин љо таљаммуъ мекарданд ва маданияти тољиконро равнаќ медоданд. Ин аст, ки забони адабии форсии тољикї дар ќарнњои нуњум то дањуми мелодї бар асоси лањљањои форсии дарии ин ду вилоят шакл гирифт ва чунон тараќќї кард, ки забони давлатї, забони илму адаб ва њунар шуд. Барои дарки амиќи ин њаќиќат, ки Бухоро ва Самарќанд дар муддати њазор сол барои забон ва адабиёти тољикон наќши махсусе доштанд, њаминро бояд дар назар гирифт, ки бунёдгузори адабиёти классики тољикон устод Рўдакї аз Самарќанд (аз Панљкат) буд ва дар Бухоро ба мартабаи олии шоирї расид ва шуњрати љањонї ёфт. Аммо људо шудани Самарќанду Бухоро аз тољикон дар соли 1924 м. маънои дањшатангезе дар пай дошт; Ин ки якбора раштаи пайванди тољикон аз муњимтарин парваришгоњи зубдадорони фикри худ ва захираи чандинасрии аќлу заковати хеш канда шуд. Ба бовари нигорандаи ин маќола вазифаи њар тољик он аст, ки барои Самарќанд ва Бухоро ва атрофи онњо, њар чї зиёдатар афзудани манбаъњои маорифу маданият ва забону адабиёту њунар тољик мубориза барад ва хоњони ифтитоњи мактабњои миёна ва олї ва њунаристонњо ва таъсиси созмонњои маданият ва ѓайра бошад, зеро Бухорову Самарќанд муњимтарин љузъи њастии маънавї ва умдатарин маншаъи сарчашмањои ин њастї барои тољикон ба шумор мераванд.
کلیدواژهها [English]