نوع مقاله : مقاله پژوهشی
نویسنده
استادیار
چکیده
کلیدواژهها
عنوان مقاله [English]
نویسنده [English]
Разиюддини Нишопурї аз аз нависандагон ва донишмандони ќарни шашуми њиљрї аст. Соли вилодати ў дар манбае зикр нашуда. Аммо Таќиюддини Кошї таърихи вафоти вайро 598 ќ. забт кардааст. Дар бораи маншаъ ва мавлиди ў низ бояд гуфт, ки бо вуљуди иќоматаш дар Бухоро Ќазвинї асли ўро нишопурї медонад. Дар ин маќола ба устодон, шогирдон, мазњаб, маќоми илмї ва адабї, тахаллуси шеърї ва сафарњои Разиюддин пардохта шуда ва дар бораи тасаввуф ва ба иборате сўфї будан ё набудани ў тавзењоти мухтасаре баён шудааст. Дар идома нигорандаи маќола ба мамдўњони Разиюддини Нишопурї ишора кардаву дар бораи хилт шудани Разиюддини Нишопурї бо Разиюддини Хушоб низ тавзењоте додааст. Њарчанд бархе осор ва китобњо ба Разиюддини Нишопурї нисбат дода мешаванд, ончи имрўз аз осори ў боќї монда, девони ашъор ва китоби «Макорму-л-ахлоќ» аст. Ањмад ибни Мањмуд мазори Разиюддинро дар тимчаи мадрасаи хон дар канори мазори Абуннаср ал-Утбї дар Бухоро нишон додааст.
کلیدواژهها [English]