نوع مقاله : مقاله پژوهشی
نویسنده
استادیار
چکیده
کلیدواژهها
عنوان مقاله [English]
نویسنده [English]
Самарќанд дар њамаи замонњо шуњрати худро њамчун мањди илму адаб нигоњ доштааст. Аз ин љост, ки бисёре донишмандон аз ќадим то кунун пайваста ба тањќиќи таърихи Самарќанд кўшида ва дар ин замина осоре пурарзиш аз худ ба мерос гузоштаанд. Яке аз ин осор китоби «Ал-ќанд фї зикри уламои Самарќанд» аст, ки аз рисолати таърихї ва маќоми илмию фарњанги ин шањри бостонї дар масири таърих гувоњї медињад ва ба ќалами Наљмуддин Абўњафс Умар ибни Муњаммад ибни Ањмади Насафї (1068-1142 м.) ба нигориш даромадааст. Наљмуддини Насафї яке аз донишмандони бузурги њанафимазњаб буда, ки дар авохири асри ёздањум ва авоили асри дувоздањум осори мутааддиде дар фиќњ, њадис, тафсир, таърих ва адаб таълиф карда ва нигоранда дар ин маќола ба шарњи теъдоде аз ин осор пардохтааст. Матни мунташиршудаи ин китоб шомили ахбор доир ба 1232 нафар донишманди ин шањри бостонї аст, ки ѓолибан дар асрњои дањум то нимаи аввали асри дувоздањум зистаанд. Бештари касоне, ки ном ва ахборшон ба китоб ворид шудааст, донишмандони улуми динї, махсусан илми њадис будаанд. Бино бар ин, «Ал-ќанд»-ро метавон њамчун манбаъе муњим барои тањќиќи ривољи илми њадис ва соири улуми динї дар Самарќанд аз ќарнњои нахустини ислом то замони муаллиф ќаламдод кард. Ин китоб њамчун сарчашмаи таърихї низ дорои ањаммият аст, зеро муаллифи он дар шарњи њоли волиёни Хуросон ва Мовароуннањр баъзе ахбору ваќоеъи таърихии замони эшонро бо диќќати тамом баён кардааст.
کلیدواژهها [English]