نوع مقاله : مقاله پژوهشی
عنوان مقاله English
نویسنده English
Тибќи ахбор ва асноди таърихї ва адабї Оли Хуљанд дар асри салољиќа аз Хуљанд ба Исфањон муњољират карда ва муддати се ќарн ашхоси донишпарвари он дар тарвиљ ва интишори забон ва адаби форсї наќши инкорнопазире доштаанд. Яке аз шахсиятњои маъруфи ин хонадон Соъинуддини Хуљандї аст. Вай аз донишмандони шањири авохири садаи чањордањум ва нимаи аввали садаи понздањум ва аз чењрањои тобноки илму фарњанги тољик аст. Ин маќола ба дунболи он аст, ки шарњи мухтасаре аз зиндагї, осор ва афкори ирфонии ин мутафаккири бузург ба даст дињад. Нависандагони тарљумаи ањвол ва тазкирањо рољеъ ба таърихи вилодати Соъинуддин чизе нагуфтаанд. Аммо бо истинод ба гуфтаи худи ў дар рисолаи «Нафсату-л-масдур» санаи вилодаташ эњтимолан бояд 770 ќ. буда бошад. Дар бораи соли вафоти ў низ назарот мухталиф аст. Бар мабнои андешањои адабпажўњон метавон гуфт, ки Хуљандї њудуди солњои 835-836 ќ. ба сўи љањони боќї шитофтааст. Аз Соъинуддин осори мутааддиде ба арабї ва форсї боќї монда, ки дар ин маќола батафсил муаррифї шудааст. Дар идома нигоранда бо ишора ба ин ки соњати шеъри Соъинуддин ба андозаи насри ў мавриди таваљљуњ ќарор нагирифта, барои ошноии хонандагон бо сабки баён ва вижагињои забони шеъри ў чанд байти форсї ва арабии ўро ба њайси намуна овардаву баррасї кардааст. Нуктаи дархури таваљљуњи дигар дар бораи Соъинуддин маќоми илмї ва маънавии ўст. Вай дар њавзаи ирфон дорои ёздањ рисола ба форсї ва тозї аст. Дар бахши поёнии ин маќола афкори ирфонии Соъинуддин батафсил баррасї шудааст.
کلیدواژهها English