نوع مقاله : مقاله پژوهشی
نویسنده
استادیار
چکیده
کلیدواژهها
عنوان مقاله [English]
نویسنده [English]
Шайх Муслињуддин Бадеъуддини Нурї (525-619 ќ.) аз уламои сўфї ва шоиру мутафаккири барљастаи мантиќаи Хуљанд аст. Дар манобеъи таърихї ривоятњои гуногуне рољеъ ба шахсияти барљастаи ин шоири ориф зикр шуда, ки дар ин маќола ба яке аз ин ривоёт ишора шудааст. Њарчанд имрўз ин ривоятро бо андак таѓйирот дар бисёре аз тазкирањо метавон мушоњида кард, сањењ будани он барои њељ кас маълум нест. Аммо дар умќи ин ривоят њаќиќати инкорнопазире мањфуз аст ва он ин аст, ки Муслињуддин аз фазлу карами илоњї дар синни поин бањравар будааст. Дар хусуси мансуб будани Шайх Муслињуддин ба тасаввуф ва низ шоир будан ё набудани ў назарњои гуногуне вуљуд дорад, ки дар ин маќола ба бархе аз онњо ишора шудааст. Китоби «Хуљанднома»-и Орифхон Яњёзод ва маќолаи «Бозёфти пурќимат» навиштаи устод Рањим Љалил аз муњимтарин манобеъе њастанд, ки зимни ишора ба шахсияти ирфонии Шайх Муслињуддин ашъореро ба ў нисбат додаанд. Устод Садриддин Айнї низ дар китоби худ «Намунаи адабиёти тољик», дар шумори 112 нафар бењтарин шоирон ва адибони тољики садаи 10-12 м. Шайх Муслињуддинро зикр карда ва дар он аз осори ин шоири ориф як рубої овардааст. Маълумоти зикршуда дар ин манобеъ њокї аз он аст, ки Шайх Муслињуддин аз шоирони мутасаввифи мантиќаи Хуљанд буда ва маќбарааш низ таќрибан њаштсад сол пеш дар яке аз ќабристонњои бузурги ин шањр бино шудааст.
کلیدواژهها [English]