نوع مقاله : مقاله پژوهشی
نویسنده
استادیار
چکیده
کلیدواژهها
عنوان مقاله [English]
نویسنده [English]
Фарзонаи Хуљандї аз шоирањои њушманд, фарњехта ва андешавари тољик аст, ки аз зовияи андешањои пурбор ба зиндагї менигарад ва аз он илњом мегирад. Ў дар кори шеър аз ќабл барои мавзўъ тарњ намесозад, яъне шеърро ќолаб намебандад, балки шеър аввал дар ў мељўшад ва он гоњ ќолаб ё шакл мегирад. Дар ин маќола, зовияи нигоњ, латофати хаёл, нозукхиромии андеша, зебоии тасовир ва асолати шеъри ин шоираи тољик бо зикри намунањое аз ашъори ў баррасї шудааст. Шеъри Фарзона мутаассир аз воќеиятњои зиндагии муосир аст. Дар воќеъ шеъри ў њаќиќати як зиндагии воќеї дар пўшишњои зебо ва нозук аст. Мавзўи дигаре, ки ба ашъори ў љаззобияти хоссе медињад, сулуки рўњи инсонњост. Њадафи аслии Фарзона дар шеър баёни њамин матлаб, яъне тафсир ва тасвири сулуки рўњонии инсонњост. Ў бо нигоњи шоирони бузурге њамчун Мавлоно, Бедил, Саъдї, Њофиз ва... ба фалсафаи њастї менигарад. Забон, нигоњ, тасвир ва таркибсозї дар сохтори ашъори ў мутанаввеъ ва баён дар фазои шеърњояш бисёр равшан ва сода аст. Нигорандаи маќола дар паи баррасии ашъори ин шоири тољик аз назари ќолаб ва муњтаво ба ин натиља расидааст, ки Фарзона дар њавзаи шеъри форсї хатти андешаи хосси худро дорад, ки мањсули андўхтани таљориби ў дар шеър аст.
کلیدواژهها [English]