نوع مقاله : مقاله پژوهشی
نویسنده
استادیار
چکیده
کلیدواژهها
عنوان مقاله [English]
نویسنده [English]
Хуљанд яке аз шањрњои куњан ва собиќадори Мовароуннањр аст, ки пажўњиш дар бораи масоили љуѓрофиёи таърихии он њамвора мавриди таваљљуњи пажўњишгарони эронї будааст. Дар ин маќола бархе аз пажўњишњои анљомшуда дар Эрон дар бораи љуѓрофиёи таърихии ин минтаќа муаррифї ва наќд шудааст. «Луѓатномаи Дењхудо» нахустин манбаест, ки маќолае људогонаро ба муаррифии Хуљанд ихтисос додааст. Њарчанд асоси манбаъшиносии таърихи Хуљанд дар “Луѓатнома” бисёр мухтасар аст, ќобилияти иттилоърсони он дар бораи таърих ва масоили љуѓрофиёии ин минтаќа дар муќоиса бо осори мушобењ бештар аст. Маќолаи «Хуљанд ва Хўќанд» таълифи Муњаммади Ќазвинї, ки бо њадафи ислоњи иштибоњи оќои Садри Њошимї дар таъйини љойгоњи љуѓрофиёии Хуљанд ба нигориш даромада, аз дигар осори муњимми таълифї дар бораи Хуљанд аст. Навиштањои Муњаммадљаводи Машкур дар бораи Хуљанд ва вилоёти њамљвори он, ки дар воќеъ бахши кўчаке аз китоби «Љуѓрофиёи таърихии Эрони бостон» аст, яке аз муњимтарин тањќиќот дар ин замина аст. Нигоранда дар ин маќола пас аз баррасии осори мазкур ба ин натиља расидааст, ки бо вуљуди адами иттилоъ муњаќќиќони эронї аз дастовардњои илми донишмандони Шўравї ва мухтасар будани тањќиќот ва таълифоти онњо дар заминаи таърих ва љуѓрофиёи таърихии Мовароуннањр ва Хуљанд, ошноии донишмандони тољик бо дастовардњои илмии муњаќќиќони эронї холї аз фоида нахоњад буд.
کلیدواژهها [English]