نوع مقاله : مقاله پژوهشی
نویسنده
استادیار
چکیده
کلیدواژهها
عنوان مقاله [English]
نویسنده [English]
Ба бовари бисёре аз адибон ва фолклоршиносоне, ки дар заминаи муштаракоти жанрњои насри шифоњї ва адабиёт ба тањќиќ машѓуланд, устура нутфаи маънавии насри шифоњї ва омили пайдоиши анвоъи адабист. Бархе низ ин мавзўъро бар асоси шабоњати типологї ва иваз шудани наќшњои асотирї тањлил кардаанд; Масалан, ба бовари Проп афсонањо аз устурањо маводи зиёд гирифтаанд. Аммо ин бад-он маъно нест, ки устурањо ва афсонањо як чизанд. Дар ин маќола тафовутњо ва шабоњатњои устура бо афсона, ривоят, њикоят ва њамоса бо такя бар назари муњаќќиќон ба тафсил баррасї шуда ва бар мабнои муќоисаи типологии шаклњои фолклорї ва асотирї се натиља ба даст омадааст: 1. Устура ва устурасозї нахустин сарчашмаи тамоми жанрњои фолклорї аст ва ин жанрњо тањти таъсири он шакл гирифтаанд; 2. Устура дар эљоди адабї ва падид омадани тафаккури адабї ба унвони «нутфаи маънавї» таъсир доштааст; 3. Љанбаи хаёлпарварї ва муъљизаофаринии асотирї ба унвони суннат ба дигар навъњои њунар, адабиёти шифоњї ва хаттї таъсири амиќ расонда ва шароити лозимро барои шаклгирии он муњайё кардааст.
کلیدواژهها [English]