نوع مقاله : مقاله پژوهشی
نویسنده
استادیار
چکیده
کلیدواژهها
عنوان مقاله [English]
نویسنده [English]
«Мавлуд» истилоњ ва номи маросими динї дар миёни мардуми тољик аст, ки дар бузургдошти зодрўзи паёмбари ислом њазрати Муњаммад (с) барпо мешавад. Дар Тољикистони имрўз маросими мавлудро натанњо дар моњи рабеъулаввал, ки моњи вилодати паёмбари ислом (с) аст, балки дар њар моњ ва фасли сол зимни љашнњо ва маросими сўгворї баргузор мекунанд. Барпокунандагони маросими мавлуд чанд рўз ќабл омодагї мегиранд ва њофизони Ќуръон, рўњониёни машњур, мењмонон ва њамсоягонро даъват мекунанд. Дар ин маќола маросими мавлуд дар се бахш ташрењ шудааст: ќисмати аввали ин маросим иборат аз њамду санои Худо ва наъти расули акрам (с) аст; Бахш дувум бо панду насињати воизон шурўъ мешавад, ки дар он мардумро нахуст ба намозхонї ва рўза доштан ва ба таври куллї аъмоли нек ва баъд ба дурї аз рафторњои зишти инсонї роњнамої мекунанд; Дар ќисмати севум Ќуръону дуо ва шеъру манзумањои мазњабї ќироат мешавад ва пас аз он воизон ва соњибхона дуо ва орзуњои нек мекунанд ва аз Ќуръони маљид тиловат мехонанд. Маросими мавлуд, ки мазмунњои пурарзиши ахлоќї, адабї, фалсафї, иљтимої ва мазњабиро дар бар мегирад, њамоиши мардумї ва динї-иљтимої будааст, ки тањќиќ дар ин замина дар илми фолклоршиносї бисёр ањаммият дорад.
کلیدواژهها [English]