نوع مقاله : مقاله پژوهشی
نویسنده
استادیار
چکیده
کلیدواژهها
عنوان مقاله [English]
نویسنده [English]
Хатлон яке аз манотиќи муњимми Тољикистон аст, ки дар тўли таърих хостгоњи шахсиятњои илмї, фарњангї ва адабии барљастае будааст. Њољї Њусайни Хатлонї дар яке аз таълифоти манзуми худ ба номи «Комде ва Мудан» тасвире бисёр љолиб ва хонданї аз ин минтаќа ироа медињад. Вай дар ин асар ибтидо хонандаро аз мављудияти сарзамине ба номи Хатлон огоњ мекунад ва баќои худро вобаста ба зистан дар ватан, яъне Хатлон медонад. Њољї Њусайн рољеъ ба пайдоиши Хатлон низ зикр мекунад, ки Худо бињиште дар олам офарид ва онро Хатлон ном нињод. Њамчунин вай ба љойгоњи ањли фазлу дониш ва бузургони илму адаб ва њунари хатлониён низ ишороте кардааст. Њољї Њусайн бар ин аќида буд, ки Худованд њазрати Одамро аз гили ин диёр сохтааст. Вай Хатлонро аз Хутан, Хито, Бадахшон, Фарангистон, Њинд, Кашмир ва Исфањон болотар мегузорад ва обњои мусаффову чашмасорони онро бо шўру шавќ васф мекунад. Ў дар муќаддамаи достони «Комде ва Мудан», ки дар пайравии достони њамноми Мирзо Абдулќодири Бедил эљод шудааст, аз тасвири манзарањои нотакрори Њиндустон сарфи назар карда, зодбумаш-Хатлонзаминро дар муќобили ин кишвари афсонаї гузоштаву ба васфи он њамчун фарди мењанпараст забон ба гуфтор гушудааст.
کلیدواژهها [English]