Journal of Culture, Literacy and Linguistic Researches in Central Asia

Journal of Culture, Literacy and Linguistic Researches in Central Asia

Шӯриши сӯфиён дар Хатлон дар соли 1423 Замира Ѓаффорова \ Назаре ба равобити адабии

Document Type : Original Article

Author
Abstract
Мир Саййидалии Њамадонї дар соли 773ќ/1372м, яъне ду сол баъд аз ба тахт нишастани амир Темур дар Фарорўд ба Хатлон омадаву сокин шуда буд. Гузашти замон ва мањбубияти беш аз њадди Саййидалї бухлу њасади шуюхи мањаллиро барангехт ва мўљиботи хурўљи Сайидалии Њамадонї аз Хатлон ва сафари ў ба Кашмирро фароњам кард. Баъд аз вафоти Саййидалии Њамадонї дар соли 784ќ/1386м . хирќаи вилоят ва љонишинии вай ба домодаш Хоља Исњоќ расид. Дар байни муридони хоља ду нафар, яъне Шайх Муњаммади Нурбахш ва Саййид Абдуллоњи Барзишободї машњур шуданд. Хоља Исњоќ дар соли 826ќ/1423м. Муњаммади Нурбахшро ба хурўљ ва шўриш алайњи шоњзодаи Темурї-Шоњрухмирзо фаро хонд. Сабаби шўриши сўфиён низоъи аќидатї буд. Аммо ба далели адами пуштибонии Абдуллоњи Барзишободї ва тарафдоронаш дар набард алайњи Шоњрхмирзо ба сабаби ѓуруру худнамоии Муњаммади Нурбахш, ки худро «Мањдии охирзамон» ва «имом» эълом карда буд, Хоља Исњоќ ва Муњаммади Нурбахш ва муридонишон дар ин набард шикаст хўрданд. Шоёни зикр аст, ки дар хотимаи ин набард Хоља Исњоќ ва бародараш кушта шуданд. Аммо Муњаммади Нурбахш пас аз асорат ибтидо ба Њирот ва аз он љо ба Шероз фиристода шуд ва дар он љо ба кўшиши Иброњимсултон озод шуд ва ба Ироќ ва баъд ба Курдистон рафт.
Keywords