نوع مقاله : مقاله پژوهشی
نویسنده
استاد
چکیده
کلیدواژهها
عنوان مقاله [English]
نویسنده [English]
Яке аз бузургоне, ки аз ќадами мубораки ў диёри Хатлон азизи оламиён шудааст, Мир Саййидалї ибни Шињобуддин ибни Муњаммади Њамадонї (1314-1386 м.) аст, ки дар шањри Њамадон чашм ба љањон гушуд. Ин аллома ва орифи бузург тибќи манобеъи таърихї ба воситаи модараш бо њабдањ ва ба воситаи падараш Шињобуддин бо шонздањ восита ба Алии Муртазо ва паёмбари ислом Муњаммад (с) мепайвандад. Тибќи маълумоти «Равзату-л-љинон» ва «Љанноту-л-љинон»-и Њофизи Карбалої, Алии Њамадонї баъд аз анљоми давраи таълиму тарбият аз 34 нафар орифи бузург сазовори хирќаи ифтихорї ва иљозаи иршод гаштааст. Аз вижагињои муњим дар зиндагии он њазрат сафарњои эшон аст. Мусофиратњои Мир Саййидалии Њамадониро ба се бахш метавон таќсим кард: бахши аввал марбут ба мусофиратњои солњои љавонии эшон аст ва рољеъ ба бахши дувум ва севуми мусофиратњои ин ориф бузург, ки бештар ба се минтиќа Хатлон, Кашмир ва Арабистон марбут аст, дар сарчашмањо маълумот кам аст. Ончи мусаллам аст, Алии Њамадонї бо ин сафарњо тавонист бисёр муридони содиќ ва пайравони комил тарбият кунад. Њамчунин он њазрат аз худ осори зиёде дар мавзўъњои фалсафа, ахлоќ, ирфон, адабиёт, фиќњ ва илоњиёт ба мерос гузоштааст. Ин алломаи олиќадр бино бар ривоёти таърихї дар сол 1386 м. дар музофоти Кунар (Асадободи имрўзї)-и Афѓонистон љон ба Њаќ таслим кард ва дар Кўлоб–сарзамини Хатлон ба хок супурда шуд.
کلیدواژهها [English]