نوع مقاله : مقاله پژوهشی
نویسنده
استادیار
چکیده
کلیدواژهها
عنوان مقاله [English]
نویسنده [English]
Кўлоб, ки дар гузашта ќисмате аз вилояти таърихии Хатлон (Хаталон, Хуталон) мањсуб мешуд, макони шоирони мардумї, гўяндањо, донандагони афсонаву ривоятњо, рубоисароён, дубайтигӯён ва гўрўѓлихонон буд. Аз маълумоти манобеъи таърихї бар меояд, ки дар ќарни дањуми мелодї Хатлон бахше аз давлати Сомониён буда ва дар он илму адабу фарњанг вуљуд доштааст. Тибќи тањќиќоти анљомшуда дар осори таърихї ва сарчашмањои адабї рољеъ ба намояндагони адабиёти форсї ва тољикии ќарнњои ёздањум ё сездањуми мелодї аз мантиќаи Кўлоб њељ гуна маълумоте сабт нашудааст. Шоёни зикр аст, ки эњёи њаёти адабии Кўлоб дар ќарни чањордањи мелодї бо номи Мир Саййидалии Њамадонї пайванд хўрдааст. Намояндаи дигари адабиёти Кўлоб Боќии Кўлобї, шоири маъруфи ќарни шонздањи мелодї аст. Ба бовари нигорандаи ин маќола маълумот дар бораи шоирон ва ањли адаби Кўлоб аз ќарни њаждањум то ибтидои ќарни бистум нисбатан фаровон аст. Дар ин даврон њаёти адабї дар Кўлоб ва навоњии атрофи он дар љўшу хурўш будааст ва адибону шоирон равобити эљодї дошта, дар мањфилњои адабї љамъ мешудаанд. Дар ин маќола ба шуморе аз ин адибони Кўлоб ва мањофили адабии онњо ишора шудааст.
کلیدواژهها [English]