نوع مقاله : مقاله پژوهشی
نویسنده
استادیار
چکیده
کلیدواژهها
عنوان مقاله [English]
نویسنده [English]
«Фалак» суруди мардуми мантиќаи Кўлоб аст, ки бо номњои «Розњои орифона», «Нидои малакут», «Розу ниёз», «Фироќи Юсуф», «Шўри ќиёмат», «Фарёди дурињо» ва «Овои шўридањо» машњури љањониён шудааст. Баъдњо ин сурудаи орифона ба номи «Суруди орифони балхї» машњур мешавад. «Фалак» аслан мањсули тафаккури шуарои сўфитабъ ва аз розњои малакутии онњо дар муроќибат аз нафс ва иртиботи рўњонї бо холиќи азалї будааст. Оѓозгари базми фалак, назму низоми орифона ва лањни шевову ошиќона ва садои «ёњу» гуфтани сўфиён буд ва асосан «суруди фалак» таронаи орифона буда, ки њар касе наметавонистааст ба умќи он фурў равад ва бештари шунавандагони онро шогирдони мактабњои њирфаї ва устодон ташкил медоданд. Чакандўзии кўлобї низ мутобиќи бархе аз манобеъи таърихї бисёр ќадимї, намоде аз сурудњои фалак аст. Нигоранда муътаќид аст, ки мактаби фалаксароёни Хатлон аз ќадим то ба имрўз дар њоли рушду тараќќї буда ва хатлониён ин амонатро аз гузаштагони хеш дар тўли ќарнњо ба мерос гирифта ва арљ нињода ва нигоњ доштаанд ва бар ин бовар аст, ки Кўлоби бостонї фалакрезу фалакхез аст ва шинохти бештари ин мантиќаи бостонї аз ин назар ниёзманди пажўњишњои бештарест.
کلیدواژهها [English]