Journal of Culture, Literacy and Linguistic Researches in Central Asia

Journal of Culture, Literacy and Linguistic Researches in Central Asia

Адими Шуғнонӣ - шоири озурда

Document Type : Original Article

Author
Abstract
Адими Шуѓнонї яке аз шоирони хушзавќи тољик аст, ки бар асари таъќиботи солњои сї ногузир ба Афѓонистон муњољират кард. Агарчи ин дурї аз ватан сабаб шуд, ки шоир барои њамватанони худ то њудуде ношинохта бошад, дар пайи нашри асари дуљилдияш бо унвони «Ашки њасрат», ки дар соли 2000 м. дар Покистон ба зевари табъ ороста шуд, заминањои ин ошної фароњам омад. Ин маќола бо асос ќарор додани муќаддимаи китоби мазкур матолиби мухтасаре дар хусуси зиндагии шоир ва сабки шеъри ў баён кардааст. Адим аз дувоздањсолагї ба сурудани шеър оѓоз кард ва пас аз муњољират ба Афѓонистон байни ањли фазли он љо шуњрат ёфт. Аз вай чањор китоби шеър бо унвонњои «Ашки њасрат», «Дар дил ѓубори Бадахшон», «Оњанги ишќ» ва «Адими ду соњил» ба ёдгор мондааст. Адим њамчунин асаре ба наср бо унвони «Сиришки њасрат» таълиф кардааст, ки масоили аќидтияшро дар бар дорад. Ў ба сабки классик ва дар ќолабњои ѓазал, ќасида, мухаммас, маснавї ва... шеър сурудааст ва мазомини ашъораш низ ѓолибан масоили динї ва мазњабї, иљтимої, панду андарз, ватандўстї, ишќу ирфон ва... аст. Ў дар сурудани ѓазал ба Бедил ва Њофиз, дар шеъри ирфонї ба Љалолуддини Балхї ва Саної ва дар эљоди ќасоиди њикамї ба Носири Хусрав назар доштааст ва асосан метавон ўро таълимёфта дар мактаби маънавии Носири Хусрав донист.
Keywords