نوع مقاله : مقاله پژوهشی
نویسنده
استادیار
چکیده
کلیدواژهها
عنوان مقاله [English]
نویسنده [English]
Муллоёри Ванљї аз адибони мардумии кўњистони Дарвози Тољикистон аст, ки зиндагияш дар нимаи дувуми ќарни нуздањум ва аввали садаи бистуми мелодӣ гузаштааст. Агарчи то ба имрўз осори адабии ин шоир гирдоварї нашуда, мероси ў боиси офарида шудани бисёре маќолот ва маљмўаи шеърњо шудааст. Дар кори гирдоварии осори ин адиб олимони бисёре кўшидаанд, ки дар ин миён хидмати донишмандони Афѓонистон назаррас аст. Рољеъ ба зиндагии ин шоири боистеъдод то давраи Шўравї маълумоте дар даст нест. Бино бар ин њар кас андешаи худро дар ин замина баён карда, ки дар ин маќола ба бахше аз ин назарот ишора шудааст. Яке аз осори муњимми Муллоёр, ки ахиран дастнависи он ёфт шуда, шарњест, ки бар муњимтарин абёти Бедили Дењлавї навиштааст. Ин баёз иборат аз 141 сафња аст, ки бо хатти хоно аз љониби шоир иншо шудааст. Ин мавзўъ ба навбаи худ иддиои касонеро, ки Муллоёрро бесавод донистаанд, ботил мекунад. Аз дигар авомили шуњрати Муллоёр дар канори ашъори волову дилписандаш бадењагўии ў дар миёни табаќоти мардум аст ва ин њар ду мавзўъ, яъне сурудани ашъори воло ва бадењагўї шуњрате бемисолеро насиби ин шоир кардааст.
کلیدواژهها [English]