نوع مقاله : مقاله پژوهشی
نویسنده
استادیار
چکیده
کلیدواژهها
عنوان مقاله [English]
نویسنده [English]
Яке аз суннатњои мардумии роиљ дар Бадахшон «даъвати баќо»-ст, ки ба номњое чун «зинда даъват», «даъвати сафо», «даъват ба сўи абдият» ва... низ маъруф аст. «Суннати баќо» маросимест, ки бо њадафи «фано филлоњ» баргузор мешавад ва касе, ки ин маљлис барои ў барпо мешавад, бояд зиндагии ояндаи худро дар парњезгорї бигзаронад. Њадафи ин маќола муаррифии ин суннат бар асоси дастнависњои ќадими љамъоваришуда аз миёни ањолии Бадахшон аст. Бар асоси маълумоти рисолаи ќадими мутааллиќ ба Њисомуддин Сомуддинов ин суннат ба Носири Хусрав нисбат дода шудааст. Бино бар ончи дар ин рисола омадааст, маълум мешавад, ки «даъвати баќо» чароѓномаи махсус доштааст. Нусхаи дигари начандон комили «Чароѓнома» дар ихтиёри Саидмеърољи Оламшоњ аст. Дигар нусхањои маъмулан ноќиси «даъвати баќо» фоќиди «байти майдон» - абёти пандомези мансуб ба Носири Хусрав дар «Чароѓнома» њастанд. Њарчанд «даъвати баќо» аз солњои 20-30 ќарни бист тадриљан рўй ба таназзул оварда, чароѓ ва чароѓномаи мансуб ба Носири Хусрав то кунун њам яке аз ќадимитарин суннатњои мазњаби мантиќаи Бадахшон ба шумор меравад.
کلیدواژهها [English]