نوع مقاله : مقاله پژوهشی
نویسنده
استاد
چکیده
کلیدواژهها
عنوان مقاله [English]
نویسنده [English]
Дар миёни сухандонон ва андешаварони эронї Хайём яке аз бузургонест, ки вуљўњи шабоњатњои мазмунї ва фикрии ўро бо Рўдакї метавон мавзўи сухан ќарор дод. Умдаи масоилу мавзўоте, ки дар шеъри Хайём матрањ аст, ба унвони усули аввалияи дастгоњи фалсафї дар андеша ва њикмати хусравонї ва фарњанги ориёї дида мешавад. Бунёд ва асоси њикмати хусравонї ва бунмояњои фалсафї шаффофтар аз њама љо дар шеъри Рўдакї табалвур ёфтааст, њамон ки дар шеъри Хайём комилан ба сурати фалсафї ва мушаххас матрањ шудааст. Дар ин маќола аносире аз ин афкори фалсафї, ки дар шеъри Рўдакї ва Хайём муштарак аст, бо зикри шоњидмсолњое аз њар ду шоир мавриди бањсу муќоиса ќарор гирифтааст. Натиљаи бањс он аст, ки Рўдакї сарсилсилаи андешавароне аз фарњанги эронист, ки дар ќаламрави шеъри форсї бо такя бар асолатњои фарњанги куњан ба љањон ва офариниш менигард ва дар пайкори бесаранљоми Ањриман ва Ањуро њамвора ањурої меандешад. Ин силсила, ки оѓозгари он Рўдакист, дар Хайём ба ављ мерасад.
کلیدواژهها [English]