نوع مقاله : مقاله پژوهشی
نویسنده
استادیار
چکیده
کلیدواژهها
عنوان مقاله [English]
نویسنده [English]
Ин маќола, ки ба муносибати чањорумин соли таљлили «Рўзи Рўдакї» ба нигориш даромадааст, таърихчаи посдошти ин шоири бузургро дар миёни ќавми тољик баррасї мекунад. Нахустин бор баъд аз нигориши китоби «Намунаи адабиёти тољик»–таълифи Садриддин Айнї буд, ки Рўдакї дар Љумњурии Тољикистон њамчун рамзи ифтихори мероси фарњангу адаб гардид ва дар авоили соли 1926 м. вазорати маорифи Љумњурии мухтори Тољикистон дар Наврўз таъсис ва таљлили «Рўзи Рўдакї»-ро эълом намуд. Интишори маќолаи муфассале дар бораи Рўдакї ва низ маљмўае ба номи «Устод Рўдакї» аз сўи Садриддин Айнї дар соли 1940 м. ба шуњрати ин шоир бузург дар байни мардуми тољик афзуд, то он љо, ки љашни 1100-солагии Рўдакї дар 14 октябри 1958 м. бо шукўњи тамом оѓоз ёфт. Њамоиши аввалини Бунёди Рўдакї 12 октябри соли 2000 м. дар Панљакент бо унвони «Ёди Рўдакї дар диёри Рўдакї» баргузор шуд ва дар он донишмандони тољик ва гурўњи муњаќќиќони эронї њузур доштанд. 22 сентябри сол 2002 м. низ дар Тољикистон таљлили нахустин Рўзи Рўдакї бо шукўњи шоиста барпо шуд ва имсол (2005) низ чањорумин солест, ки маросими таљлил аз «Рўзи Рўдакї» баргузор мешавад.
کلیدواژهها [English]